Вакили парлумон ва собиқ раиси Кумитаи кор бо занон даргузашт

Идигул Қосимзода, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва ректори вақти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чанд лаҳза пеш аз олам даргузашт. Марҳум 53 сол дошт.

Ҳамкорони собиқаш гуфтанд, Идигул Қосимзода тайи ду ҳафтаи охир дар шифохонаи маъруф ба “Советский 1” дар шаҳри Душанбе бистарӣ буд. Сабаби расмии марги ӯ ҳанӯз эълон нашудааст.

Қосимзода Идигул Тағо 4 январи соли 1968 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи омўзгории шаҳри Қўрғонтеппа (ҳозира шаҳри Бохтар) мебошад. Доктори илмҳои педагогист.

Солҳои 1990-1992- Котиби масъули шуъбаи кор бо ноболиғони Ҳукумати ноҳияи Вахш буд. Дар ҳамин ноҳия ба ҳайси омӯзгор фаъолият бурдааст. Қосимзода соли 2003 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба кор даромад ва дар ин муассиса то соли 2015 фаъолият дошт. Ӯ дар донишкадаи мазкур то ба зинаи муовини ректор расид.

Аз январи соли 2017 то соли 2020 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE