Аз хонаи бачаҳо то номзад ба Президентӣ

Марде, ки аморати бунёди хештанро худаш сохт. Марде, ки дар масири тавилу ноҳамвори ҳамвораи зиндагӣ алорағми ҳама бадхоҳону тангназарон, ки дар муқобилаш падид меомаданд, сари хам нафуровару таслим нашуд. Ҳар ҳин дастонашро чун сафедорон васеъ боз мекунаду дуову дуруд, ситоишу ниёиш мебарад ба даргаҳи Парвардигор, ки тӯли умри пурбаракати полидааш шоиста ба сар бурадву бо луқмаи нони ҳалол зистааст.

Ҳикматулло Насриддинов, дар вазифаҳои мухталиф кор кардааст, аз ҷумла солҳои 1971 – 1974 мудири шуъбаи хоҷагии об ва сохтмони қишлоқи Шӯрои Вазирони Тоҷикистон, солҳои 1974 – 1980 мудири шуъбаи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 1980 – 1983 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон, 1983 – 1986 Котиби Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистони Шӯравӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, солҳои 1986-1990 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ, 1990-1995 Раиси Кумитаи Шӯрои Олӣ оид ба масъалаҳои шуғли аҳолию сиёсати демографӣ, Сардори иттиҳодияи ҷумҳуриявии сохтмон дар рустои «Тоҷикобёрӣ», 1997 – 1999, мушовири раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001 – 2002 мутахассиси банақшагирии ҳолатҳои фавқулодда, 2002 – 2003 мушовири Маркази Идоракунии Лоиҳаҳои Бонки Рушди Осиё -“Системаи обёрии Ёвон», Вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон даъватҳои нуҳум, даҳум, ёздаҳум, дувоздаҳум буд.

Ҳикматулло Насриддинов барои хизматњои шоёнаш бо орденҳо ва медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шудааст. Соли 1991 ӯ номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Муаллифи бештар аз 250 мақолаву монография ва маърузаҳои илмӣ мебошад.

Таърихи таваллуди Ҳикматулло ба 30-юми декабри соли 1939 рост меояд. Зодбуми падарии ӯ деҳаи Деҳбаланди ноҳияи Муъминободи собиқ вилояти Кӯлоб мебошад. Дар он солҳо мардуми русто дар ниҳоят зиндагии қашшоқонае ба сар мебурданд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардумро бечораву бехонумон ва комилан аз ҳама чиз маҳрум карда буд.

Ӯ дар хонаи бачаҳо таҳсил карда, ба воя расида, булуғ шудааст. Ҳар ғоте аз аҳди бачагиҳояш дар зеҳну зикраш агарчӣ ба ченаки сонияе пеши дидагонаш чун пардаи синамо ёдномае шумули ахгараке ҷило бидиҳад, чашмонаш обдор мешаванду гулӯяшро гиря мегирад. Дар ин асно, Ҳикматуллои наврасу навниҳоли боғи њаёт бо бачаҳои дигар унс мегирифту ҳамроҳи эшон риштаи дӯстиву қаробати танготанге бармегӯзид, ки ту гуфтӣ ҳарчанд низоми махсуси муайяну мунтаззам ва қоидаву тартиби қолабии вежае дошт хонаи бачаҳо, аммо бо гузораи нафасҳо, ин ҳама ба Ҳикматулло писанд меомад, чаро ки аз хонаи

Имрӯз дар фазои амну субботи меҳан, ки ҷонмояву сармояи ин саргаҳи хушбахтиҳоро шоҳиди зинди буду дар бунёди Тоҷикистони навину соҳиби иқболу Истиқлол саҳми чашмгир гузошт. Хулоса, ӯ марди масири сиёсат асту рӯзгори сахтеро пушти сар карда. Аз даричаи дили як марди бузург дунёи маъниву домани ғановат бардошем, ки бо чанд сатру каломе аз тариқи ҳамин “Сиришт” қисса мекунем.

Аз идора: Такрори барномаро шаби имрӯз, соати 01:10 дар пешниҳоди Лутфуллои Азиз аз мавҷи радиои “Садои Душанбе” шунавед.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE