Вазирони адлияи СҲШ ба таври маҷозӣ мулоқот менамоянд

Пагоҳ, 6 август, дар шаҳри Душанбе Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай  дар шакли маҷозӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.   

Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2021 баргузор мегардад.

Интизор меравад, ки дар доираи он масъалаҳои вобаста ба ҳамкории давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи ҳуқуқ ва адлия баррасӣ гарданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE