Шиносоии муовинони Вазири тандурустӣ бо гирифторони COVID-19

5 август муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон —  Шодихон Ҷамшед аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии «Шифобахш» ва Зулфия Абдусаматзода аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, мақсади боздид назорати хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони сирояти COVID-19 ва шиносоӣ бо вазъи муассисаҳои тандурустӣ мебошад.

Муовинони вазир зимни боздид бо шароити муассиса ва ҷараёни хизматрасонии тиббӣ шинос шуданд. Зикр гардид, ки дар ин ҷо гирифторони бемории коронавирус ба таври шабонарӯзӣ таҳти назорати табибон қарор дошта, духтурон  баҳри наҷоти ҷони онҳо тамоми кӯшишу талоши хешро равона намудаанд.

  
Дар муассисаҳои тандурустие, ки дар онҳо гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 бистарӣ шудаанд,  шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд. Махсусан, дар чунин муассисаҳо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва дигар маводу таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.

Зимни боздид муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхонаҳо қарор доштанд, суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат баҳри табобати  гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE