Тақрибан 100 низомии Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии артишии «АрМИ-2021» иштирок мекунанд

Тақрибан сад нафар низомиёни Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии артишии  «АрМИ-2021» ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод.

Ба гуфтаи  намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Тоҷикистон дар панҷ мусобиқаи «АрМИ-2021» ширкат хоҳанд кард.

Танкчиёни тоҷик дар мусобиқаи  «Биатлони танкӣ», ки дар машқгоҳи Алабино дар наздикии Москва баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Снайперҳои тоҷик барои унвони беҳтарин дар Беларус рақобат хоҳанд кард, онҳо инчунин барои ширкат дар озмуни артиллериячиён  ба Қазоқистон мераванд. Мусобиқаи духтурони низомӣ ва озмуни “Ошхонаи саҳроӣ” дар Ҷумҳурии Узбекистони ҳамсоя баргузор мешаванд ва дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Бозиҳои VII байналмилалии артишии  «АрМИ-2021» аз 22 август то 4 сентябр баргузор мешаванд.

Вазорати мудофиаи Русия 96 кишварро барои ширкат дар Бозиҳои 2021 даъват кардааст. 277 даста аз зиёда аз 40 кишвар хоҳиши иштирок карданро иброз доштанд.

Дар соли 2021  11 кишвар «AрМИ-2021»-ро дар якҷоягӣ бо Федератсияи Русия баргузор мекунанд. Дар ҳудуди онҳо 21 мусобиқа баргузор мегарданд. 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE