Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябр дар шаҳри Қазон баргузор мешаванд
Аз 4 то 11 сентябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ баргузор мешаванд, хабар дод намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Дар бозиҳо иштироки 1500 нафар варзишгарон аз 10 кишвар: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар назар аст.
Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ варзишгарон барои 184 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 16 намуди варзиш талош мекунанд: бадминтон, баскетбол (3х3), бокс, гӯштини камарбандӣ, дзюдо, каратэ, кураш, тенниси рӯи миз, тирпаронӣ, тирпаронии қурс, самбо, гӯштини варзишӣ, камонварӣ, муайтай, рақси варзишӣ, футзал ва гимнастикаи бадеӣ. Синни иштирокчиён аз 14 то 23 сол муайян шудааст.
Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Бозиҳои аввалини кишварҳои ИДМ аз ҷумҳурии мо 80 варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш ширкат менамоянд. Қарор оид ба баргузор кардани Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон 25 октябри соли 2019 қабул шуд. Бозиҳо бояд соли 2020 доир мегаштанд, аммо бо сабаби пандемияи коронавирус санаи он тағйир ёфт.
Аввалин бозиҳои кишварҳои ИДМ-2021 дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия таҳти ҳимояи Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешаванд.