Лахш: Сокинон дар гирифтани ваксина фаъоланд

Дар ноҳияи Лахш бо иштироки кормандони Маркази иммунопрофилактикаи ноҳия маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии COVID — 19 бо маром ҷараён дошта, аз моҳи май баробари ворид гардидани  1184 воя ваксинаи «AstraZeneca» эмгузаронӣ бар зидди COVID — 19 оғоз гардид. Дар марҳилаи аввал кормандони соҳаи тиб ва омӯзгорон ваксина шуданд, хабар медиҳад директори маркази мазкур дар ноҳияи Лахш Ҳалим Шарифов.

Моҳҳои июл ва август 16440 воя ваксинаи «Модерна» ва  15000 вояи ваксинаи «Синавак» ба  ноҳия ворид шуд. Кормандони Маркази иммунопрофилактика дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 9564 нафарро иммунизатсия намуданд. Айни замон дар марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Лахш эмгузаронӣ ба таври ихтиёрӣ амалӣ шуда истодааст.

Сокинони ноҳияи дурдасти Лахш аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, махсусан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидди бемории сироятии  коронавирус изҳори минатдорӣ намуда, бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, аз ин ваксинаҳо истифода менамоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE