Спитамен: Президенти кишвар коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори ҶДММ «Органик Ян»-ро ифтитоҳ намуданд

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” -ро ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи “Органик Ян” соли 2018 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Давронҷон Аҳмедов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис дода шуда, самти фаъолияташ ба тоза намудани пахта ва коркарди ниҳоии он нигаронида шудааст.

Коргоҳи навро дар деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати 2350 метри мураббаъ бунёд намудаанд. Дар коргоҳ 2 дастгоҳи риштатайёркунӣ, 32 дастгоҳи бофандагӣ, 12 дастгоҳи дӯзандагӣ ва дастгоҳҳои матоъпоракунӣ васлу насб карда шудаанд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” дорои корхонаи пахтатозакунӣ низ ҳаст ва ашёи хомро аз хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Спитамен ва атрофи он харидорӣ намуда, коркард мекунад. Мавриди зикр аст, ки соли 2019 низ аз ҷониби ҷамъияти мазкур бо мақсади коркарди чигит коргоҳи истеҳсоли равғани растанӣ дар ноҳияи Спитамен ва коргоҳи истеҳсоли риштаи матоъбофӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд ва дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохта шуд. Инак бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдор пахтаи дар корхонаи пахтатозакунии ҷамъият тозакардашуда дар сатҳи ниҳоӣ коркард мешавад. Дар коргоҳ намудҳои гуногуни сачоқ, хилъат барои калонсолону хурдсолон, либоси кӯдакона ва ҷиҳози хона, аз ҷумла болопӯши рахти хоб ва ғайра истеҳсол карда мешавад. Истеҳсоли чунин номгӯйи маҳсулот дар ҷумҳурӣ бори нахуст ба роҳ монда шуд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 1500 тонна маҳсулоти тайёри пахтагӣ мебошад. Маҳсулоти дар коргоҳ истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот буда, ба содирот нигаронида шудааст. Мақсад аз таъсиси коргоҳ саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи истеҳсолии нав дар “Органик Ян” боз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкор дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини сокинон бо ҷои кори доимӣ баҳои баланд доданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE