Ҳарорат 6-8 дараҷа паст ва ҳавои боронӣ. Пешгӯӣ обуҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва доманакӯҳии вилояти Хатлон ва ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани борони бошиддат дар назар буда, пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 6-8 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят низ рӯзона борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.   Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 5+10 ва рӯзона 17+22  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок  ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5  ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 10 +15 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда мешавад. Борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9 ва  рӯзона 14+16 дараҷа  гарм мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE