Шаҳри Норак маъракаи даъвати тирамоҳиро аввалин шуда пурра анҷом дод
1 октябр бахшида ба Рӯзи даъватшаванда ҷавонони бонанги шаҳри Норак ба таври ихтиёрӣ ва бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд ва дар ин рӯз маъракаи даъват пурра ба анҷом расид.
Ба ин муносибат дар толори муассисаи таълимии рақами 28-и шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳр Маликшо Неъматзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарон ва даъватшавандагон маросими тантанавӣ оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар ҷамъомад раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода ба падару модарони наваскарон барои тарбияи фарзандони ватандӯсту ватанпараст изҳори миннатдорӣ намуд. Иброз дошт, ки маҳз дуруст ба роҳ мондани тарбияи ватанпарастии ҷавонон сабаб гардид, ки шаҳри Норак маъракаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии имсоларо дар ҷумҳурӣ дар рӯзи аввал 100 % иҷро намояд, ки ин амал ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстии сокинони шаҳрро нишон медиҳад.
Тибқи иттилои масъулини шаҳри Норак, аз шумораи умумии сафарбаршудагон 30 нафар курси ронандагӣ ва 18 нафар курсҳои барқчӣ ва харротро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаҳои касбӣ гардидаанд.
Дар қисмати дуюми ҷамъомад баҳри болидарӯҳӣ ва хушҳолии даъватшудагону волидайни онҳо барномаи консертии дастаи ҳунарии шуъбаи фарҳанги шаҳр манзур гардид.