Муҳаммад Зоҳир Ағбар: “Толибон”* террористҳоянд

Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон то ҳол аз мақомоти “Толибон”* дастур нагирифтааст. Дар ин бора Сафири Афғонистон дар Душанбе, узви Шӯрои роҳбарикунандаи Муқовимати миллии Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар изҳори назар намуд.  “Мо ба “Толибон”* итоат намекунем, онҳо террористҳоянд, ки мо онҳоро намешиносем ва ҳеҷ гоҳ эътироф нахоҳем кард. Ман аз онҳо дастур нагирифтаам ”-гуфт ӯ. Ба гуфтаи дипломат, Сафорат додани намунаи раводидҳои кӯҳнаи афғониро, ки ҳоло ҳам «эътибор доранд», идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, қаблан хабар  дода  шуд,   мақомоти нави Афғонистон ба ҳисоби Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҳудуди 800 ҳазор доллар интиқол додаанд ва тавре маълум шуд, ин кор иштибоҳан сурат гирифтааст. Дар намояндагии дипломатии Афғонистон иброз намуданд, ки ин маблағҳо бояд барои бунёди мактаб барои муҳоҷирони афғон дар Ваҳдат равона мегардиданд.

Бо сабабҳои номаълум мақомоти нав пулро ба мухотаб интиқол доданд, вале охири моҳи ноябр Вазорати хориҷаи ин кишвар ба Сафорати Афғонистон дар Душанбе дархост ирсол намуда, баргардонидани тамоми маблағро тақозо кардааст. Аммо намояндагӣ посух дод, ки онҳо наметавонанд пулро ба толибон баргардонанд, зеро на сафорат ва на ҷаҳон ҳукумати онҳоро эътироф накардаанд. Илова бар ин маблағи калон бо доллар аллакай барои эҳтиёҷоти намояндагӣ масраф шудааст.                     

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE