Ҳуҷуми каронавирус ба хонаводаи Трамп. Ӯ ва ҳамсараш гирифтори COVID – 19 шуданд
Ташхиси охири президенти ИМА Доналд Трамп ва ҳамсараш Мелани Трамп аз коронавируси навъи COVID – 19 мусбат баромад
Спутник Тоҷикистон менависад, ки Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, гирифтори коронавирус шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
”Имрӯз ташхиси ман ва хонуми аввал аз COVID-19 мусбат баромад. Мо ҳаминак карантин мекунем ва ба табобат шурӯъ менамоем. Мо якҷо инро пис сар мекунем!” – навиштааст Трамп дар Twitter.
Дар навбати худ, пизишки президент гуфт, ки вазъи саломатии кишвардор ва ҳамсараш хуб ҳаст ва онҳо нақша доранд дар Қасри Сафед бимонанд ва вазифаҳояшонро ах хона анҷом диҳанд.
Пештар хабар дода шуд, ки ёвари Доналд Трамп – Хоуп Хинкс гирифтори коронавиурс шудааст.
ИМА то ҳол дар сархати бештарин гирифторони COVID – 19 қарор дорад. Дар ин кишвар 7 277 759 кас мубталои ин вабои аср шудааст. Дар умум то имрӯз дар ҷаҳон 34 миллион кас гирифтори коронавирус шуда, беш аз 1 миллион қурбони ин беморӣ шудаанд.