Донишҷӯйи тоҷик бо медали Президенти Федератсияи Россия қадрдонӣ карда шуд
Ҳамватани мо, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Волгоград Азизхон Мавлоназаров аз номи Президенти Россия Владимир Путин барои фаъолияти волонтёрӣ дар давраи уфунати коронавирус бо диплом ва медали «Мо якҷоем» мукофотонида шуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» роҳбари «Клуби ҷавонони донишҷӯи тоҷик дар хориҷа» дар минтақаи Пензаи Федератсияи Россия Муҳаммадсанҷар Раҳимов.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи паҳншавии шадиди коронавирус, замоне ки аксар одамон, аз ҷумла пиронсолон ва маъюбон, дар хонаҳои худ карантин буданд, вай ба онҳо кумак мерасонид. «Фаъолияти волонтёрон ҳангоми уфунати коронавирус дар Федератсияи Россия ба дастгирии шахсони имкони гаштугузор надошта ва кормандони тиб равона шуда буд», — зикр намуд манбаъ.
Азизхон Мавлоназаров дар байни 83 ҳазор волонтёрон, ки дар тамоми минтақаҳои Россия дар кори расонидани доруворӣ ва маҳсулоти ғизоӣ, инчунин корҳои дигар кумак мекарданд, сазовори мукофот гардид.
Якҷоя бо Азизхон инчунин 4 донишҷӯи ин муассисаи таҳсилоти олӣ, ки дар маркази “Прорыв” -и Донишгоҳи давлатии Волгоград машғули фаъолияти волонтёрӣ буданд, мукофотонида шуданд.
Рӯйхати ҷавонони сазовори мукофотшуда аз тарафи Агентии Федералии кор бо ҷавонони Россия тасдиқ шуда буд.
АМИТ “ХОВАР”