Барқияи табрикии Сарвари давлат ба Амири Давлати Кувайт

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Мояи сарфарозист, ки ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти беҳтарини ин ҷонибро ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури Амири Давлати Кувайт арз намоям.

Ба Шумо сиҳҳатии комилу дар иҷрои муваффақи рисолати сермасъулатон пирӯзмандӣ, ба мардуми бародари Давлати Кувайт сулҳу суботи пойдор ва таҳти сарварии Шумо гузоштани қадамҳои навини устуворро дар ҷодаи дастёбӣ ба пешрафту шукуфоии беш аз пеш хоҳонам.

Бо истифода аз фурсати нек қаноатмандии ин ҷонибро аз раванди вусъатёбандаи рушду таҳкими равобити дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Кувайт иброз медорам.

Мо ба дурнамои муносибатҳоямон бо Кувайт, ки яке аз шарикони муҳиму боэътимоди мо дар минтақа мебошад, назари некбинона дорем. Дар ин зимн рағбати содиқонаи худро ба ҳамоҳангиву ҳамкорӣ бо Шумо ҷиҳати пешбурди самарабахши минбаъдаи раванди мазкур, ки муҷиби хайру баракот барои мардумони кишварҳои мо мебошад, изҳор менамоям.

Аз даргоҳи Худованди мутаол масъалат дорам, ки нигаҳбони ҳамаи мо бошад.

Лутфан,Аълоҳазрат, эҳтироми фоиқаи моро бипазиред».

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE