Бобоҷон Ғафуров: Ширкати Пешвои миллат дар Фестивал-намоиши чорвои хушзот

9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Фестивал-намоиши чорвои хушзот, чорвои калон барои истеҳсоли шир ва гӯшт, шутур барои шир ва гӯшт, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ иштирок карданд.

Дар намоишгоҳ фермаҳои ширию молӣ, коргоҳу корхонаҳои парандапарварӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидори бахши чорвопарварӣ навъу намудҳои мухталифи чорворо ба намоиш гузоштанд.

Ба ин мавзеъ даҳҳо намуди чорвои калон, гӯсфанду буз, асп, шутур, шутурмурғ, кабк, мурғи ҳилол, фазан, моҳӣ, хӯрокиҳои омехтаи чорво, ки дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд парвариш ва истеҳсол карда мешаванд, оварда шуданд.

Дар фестивал-намоиш чорвои калони зоти сиёҳало, голштенӣ, сименталӣ, шведӣ, гӯсфандони зоти ҳисорӣ, бузҳои зоти серпашми тоҷикӣ, бузҳои ширии зоти зааненӣ ва алпенӣ, шутурҳои яккӯҳа ва дукӯҳа, намуди моҳиҳои зағорамоҳӣ, пешонағафси сафед, амури сафед ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шуданд.

Манзараи намоишгоҳ аз рушди устувори бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ дар вилояти Суғд дарак медод. Дар натиҷаи татбиқи амалии стратегияҳои алоҳида рушди бахши чорводорӣ дар вилоят марҳила ба марҳила таъмин мегардад.

Дар Фестивал-намоиши чорвои хушзот чорвои калон барои истеҳсоли шир ва гӯшт, шутур барои шир ва гӯшт, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ, инчунин намудҳои гуногуни асп, аз ҷумла аспҳои зоти тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд. Маълум гардид, ки дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 8 ҳазору 575 сар асп парвариш меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо иштирокчиёни Фестивал-намоиш бо истифода аз зарфияти мавҷудаи аграрии мамлакат ҷиҳати таъсиси комплексҳои чорводорию парандапарварӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Сарвари давлат аснои шиносоӣ бо дастовардҳои чорводорону парандапарварон ва дигар истеҳсолкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кори хоҷагидоронро намунаи барҷастаи амалисозии тадбиру барномаҳои давлатӣ дар самти рушди чорводорӣ маънидод карда, бобати бештар сайқал додани ин бахши сердаромад ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE