6 сол бо тамошобинон

Санъати кино асари аудиовизуалӣ дар шакли бадеӣ, хроникавию ҳуҷҷатӣ, илмию оммавӣ, таълимӣ, тасвирӣ, телевизионӣ ё дар шаклҳои дигар мебошад, ки дар асоси тахайюли эҷодӣ офарида шуда, аз тасвири дар намуди гуногуни ҳомилҳо ва кадрҳои пайдарҳаму доир ба як мавзӯи том ба ҳам васлшуда, акс ёфтааст, иборат буда, барои дарк намудан тавассути воситаҳои дахлдори техникӣ таъин гардидааст.

Ин санъат зодаи Аврупост. Ин санъат имрӯз дар самти журналистика ба таври фаровон истифода мешавад ва бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳарду ҳам робитаи зич дошта, бе якдигар буда наметавонанд. Зеро кино дар замони муосир, асосан тавассути ВАО, махсусан телевизион намоиш дода шуда, дар он унсурҳои услубию жанрии соҳаи журналистика ба таври фаровон истифода мешавад.

Бо мақсади устувор нигоҳ доштани ҳамин робита бо ташаббуси Асосгузори ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 таъсис ёфтааст. Он шабакаи телевизионии давлатӣ, умумимиллии Тоҷикистон мебошад. Пахши ин шабакаи телевизионӣ аз 1 марти соли 2016, дар тамоми қаламрави Тоҷикистон идома дорад. Дар кишварҳои дигар шабакаи телевизионӣ тавассути телевизиони ноқилӣ ва интернет дастрас аст.

Ин шабакаи телевизионӣ, ки ҷиҳати рушди санъати кинои миллӣ, таъмини талаботи аҳолӣ ба кино, бедор кардани шавқи устувор ба ин намуди санъат, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ барои баланд бардоштани самаранокии кори тарбиявӣ созмон ёфтааст, имрӯз фазои холии минбари филмҳои ҳирфаиро пур карда, мувофиқ ба завқи бинандаи дохилу хориҷ фаъолияти густурда дорад. Он имрӯз аз ҷумлаи маҳбубтарин расонаҳои кишвар аст, ки бо пахши филмҳои милливу хориҷӣ дар низоми ВАО-и электронии кишвар мақоми шоиста дорад.

Ҷалби васеи табақаҳои гуногуни иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳо дар тамошои филмҳо ва ширк, чун “Мизони хирад”-у “Мухлисон”, пахши филмҳои миллӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат аз рисолати дигари ин шабака аст.

Дар телевизиони «Синамо» чор шуъбаи эҷодӣ — шуъбаи барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ, шуъбаи филмҳои миллӣ, шуъбаи филмҳои тасвирӣ, шуъбаи филмҳои хориҷӣ ва дубляж таъсис дода шуд. Яке аз вазифаҳои оинномавии телевизион таҳия ва дубляжи филмҳои гуногунжанр аст ва дар ҷадвали пахши барномаҳо низ ба ин самти фаъолияти муассиса афзалият дода шудааст.

Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ҳамчунин ҷиҳати рушди минбаъдаи кинои миллӣ, ташаккули талаботи аҳолӣ ба кино, бедор кардани шавқи устувор ба ин намуди санъат, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ барои баланд бардоштани самаранокии кори тарбиявӣ ғояҳои ҷолибро амалӣ мегардонад. Эфири шабакаро филмҳои гуногунжанр, чӣ хориҷӣ ва ҳам истеҳсоли Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Забони асосии шабакаи телевизионӣ —тоҷикӣ, як қисми филмҳо ҳамчунин ба забони русӣ намоиш дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки санъати кино дар айни замон воситаҳои ифодаи худро дорад, ки онҳо имконият медиҳанд, ҳаёт бо образҳои бадеӣ, аёнӣ ва зинда бозофаринӣ шавад. Асари санъати кино – филм маҳсули эҷоди якҷояи санъаткорони мухталиф (кинодраматург, коргардон, ҳунарпеша (актёр), наворбардор (оператор), рассом, композитор) мебошад. Ҳар як филм дар ду ҷараён — эҷодӣ ва истеҳсолӣ офарида мешавад. Ҷараёни эҷодӣ ҳалли масъалаҳои ғоявӣ, ҳаётӣ, бадеӣ ва образнокии филми ояндаро дар бар мегирад.

Айни ҳол, Муассисаи давлатии телевизони “Синамо” минбари арзишманди фарҳангиёни кишвар буд, он дар татбиқи нуқтаҳои алоҳидаи Пешвои миллат дар самти кино, Барномаи давлатии рушди соҳаи кино, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва офаридани филмҳои тоҷикӣ бо фарогирии унсурҳои умумимиллӣ мебошад.

6 соли бо тамошобинон будан муборак бод!

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE