Сарвазири Люксембург ба Душанбе даъват гардид
Дар Люксембург мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода бо Мудири сиёсии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҳертсогии Бузурги Люксембург Вероника Докендорф баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Раванди пайгирии умумии равобити ду кишвар сурат гирифта, масоили умдаи ҳамкории Тоҷикистону Люксембург мушаххасан баррасӣ гардиданд.
Дар ин росто ҳамкории ду ҷониб дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, алалхусус Созмони Милали Муттаҳид мавриди баҳси хосса буданд. Ҳарду тараф барои пуштибонии якдигар ҳангоми пешниҳод гардидани номзадии кишварҳо ба ниҳодҳои мухталиф мувофиқа намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Люксембургро бо навтарин ибтикороти кишвари мо дар бахши дипломатияи об шинос намуда, чорабиниҳои пешниҳодии Тоҷикистонро дар ин бахш муаррифӣ кард ва даъватномаи Сарвазири кишварро ба номи Сарвазири Люксембург Ксавйе Беттел ба Вероника Докендорф супорид.
Ҷонибҳо дар бораи пайгирии мавзӯъҳои баррасишуда ва тамосҳои оянда ба мувофиқа расиданд.