Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан дар шаҳри Ваҳдат
Дар ҳамоиши даъватшаванда, ки дар камисарияти харбии шаҳри Ваҳдат доир гардид, намояндагон аз МИХД ш.Ваҳдат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятиву собикадорон, устодону донишҷӯён, ҷавонони фаъол ва волидони даъватшавандагон иштирок намуданд. Зикр шуд, ки
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шањри Вахдат баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ як катор корхоро ба ичро расонидааст ва имрўз корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ин шаҳр сабаби он гардид, ки садхо нафар ҷавонони чусту чолок бо амри дилу виҷдон барои адо намудани қарзи шаҳрвандии худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардиданд».
Дар чамъомади даъвати тирамохи дар шаҳри Вањдат таъкид рафт, ки тахрих гувох аст, ки «Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстию ватандорӣ ва мардонагӣ табдил ёфта, то имрўз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обу тобёфтаро ба камол расонидааст. Онҳо дар лаҳзаҳои хеле мушкил ҳамчун ҳомиёни содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонати мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати навини тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ кардаанд»
Нурали Саидов- падари як даъватшаванда зимни суханрони аз шаҳрвандон даъват ба амаловард, ки фарзандони худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар равона созанд, то онхо дар рухияи мехнатдустӣ, ватандорӣ ва эхтиром ба арзишҳои миллӣ тарбият ёбанд.
Имрӯз дар қисмҳои харбии кишвар, барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои оинномавии онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст. Мастура Холикова- аз модорони боиродаи кишвар аст, ки худ фарзандашро ба комисарияти харбии шахри Вахдат барои хизмат ба сафи Артиши миллӣ оварда гусел намуд.
Аз хамиши гусели наваскарон дар шаҳри Вахдат метавон хулоса кард, ки «имрўз ҷавонони бонангу номуси кишвар хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ, далели садоқати онҳо ба арзишҳои олиӣ, орзуву омол ва ормонҳои миллӣ мебошад. Насли ҷавон дар баробари хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад».
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе