Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Имрӯз байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Дар рафти суҳбат Сарони ду давлат муколамаи худро атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ идома бахшиданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҳодисаҳоеро, ки имрӯзҳо дар Қирғизистон сурат мегиранд, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бо роҳи музокирот ҳарчи зудтар дарёфт намудани роҳҳои ҳаллу фасли вазъияти бӯҳронии дар ин кишвари ҳамсоя баамаломада ибрози ақида намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE