Макони баргузории чемпионати Аврупо иваз карда шуд

Чемпионати Аврупо оид ба гимнастикаи варзиши аз Боку ба Мерсини Туркия кӯчонида шуд, хабар медиҳад сафҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба гимнастика (UEG) дар Twitter. Тавре гуфта мешавад, чемпионати Аврупо байни мардон дар Мерсин аз 9 то 13 декабр ва миёни занон – аз 17 то 20 декабр баргузор мешавад.

Сабабҳои иваз шудани макони баргузории мусобиқа то ҳол эълон нагардидааст. Дар моҳи июн, UEG қарор бароварда буд, ки чемпионати Аврупо байни мардон аз 9 то 13 декабр ва байни занон аз 17 то 20 декабр дар Боку баргузор гардад. Аммо дар охири моҳи сентябр, UEG аз нав эълон кард, ки қарори ниҳоӣ дар бораи чемпионати Аврупо рӯзи 5 октябр бароварда хоҳад шуд.

varzishtv.tj

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE