Душанбе мизбони конгресс ва намоишгоҳи байналмилалии «Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Хазар 2022»

25-27 май дар шаҳри Душанбе Конгресси 6-уми ҳамасолаи байналмилалӣ ва Намоишгоҳи байналмилалии «Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Хазар 2022» баргузор мешавад.

Созмондиҳандагони он хабар медиҳанд, ки дар конгресс беш аз 150 нафар роҳбарони корхонаҳои пешқадами энергияи барқароршаванда, сармоягузорон, пешвоёни технологияҳо аз Тоҷикистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Гурҷистон, Арманистон, Русия, Қирғизистон, Олмон, Фаронса, Полша, Белгия, Чин, Британияи Кабир, Люксембург, Туркия, Эрон, Сербия, Швейтсария ва Канада ширкат меварзанд.

Иштирокдорони конгресс ва намоишгоҳ ҳамчунин аз неругоҳҳои барқи  обии «Роғун» ва «Норак» боздид хоҳанд кард. Ҳамзамон интизор  меравад, ки дар доираи конгресс ва намоишгоҳи байналмилалии «Гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ва Хазар 2022»  бо иштироки намояндагони ширкатҳои калидии энергетикии минтақа, сармоягузорон, ҳукуматҳо ва таъминкунандагони таҷҳизот ва хидматрасонӣ  суҳбатҳои «мизи мудаввар» ва вохӯриҳо доир гарданд.

Дар назар аст, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба лоиҳаҳои сармоягузории ояндадор оид ба сохтмон ва навсозӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирии ҳукумат дар рушди саноати гидроэнергетика, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар бахши гидроэнергетика ва дигар масъалаҳои  марбут ба таҳкими хамкории минтақавӣ дар соҳаи гидроэнергетика баррасӣ шаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE