Дзюдои ҷаҳонӣ паҳлавононро дубора ба ҳам меорад
Рӯзҳои наздик Федератсияи байналмилалии дзюдо қарори ниҳоиро дар бораи аз нав ба роҳ мондани мавсими мусобиқаҳо нашр хоҳад кард. Интизор меравад, ки аввалин мусобиқаи рейтингӣ баъд аз танаффуси тӯлонӣ- ин Тоскулоҳи бузург дар Будапешти Венгрия мебошад. Баргузории ин мусобиқаи бошукӯҳ аз 23 то 25 октябри соли равон дар назар аст. Дар ин бора аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.
Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқа ба кумитаи тадорукот дархост ирсол намудааст. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон нақша дорад, ки паҳлавонони шинохтаи тоҷик — Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадовро ба шаҳри Будапешти давлати Венгрия сафарбар намояд.