Боздиди вазир аз Мактаби президентии ноҳияи Кӯшониён
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода 6 апрел бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, таъминот бо маводи хониш, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва таъминоти кадрӣ аз Мактаби президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён дидан намуд.
Дар ҷараёни боздид вазир бо ҷараёни тадрис, шароити таҳсил, таъмини ғизо, вазъи беҳдошти ошхонаи мактабӣ, хобгоҳи хонандагон ва таъминоти кадрӣ шинос шуда, ҳамзамон аз ҳолати омодасозии шогирдон ва иштироки нокифояи онҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дастгирии омӯзгорон аз сӯи роҳбарият изҳори нигаронӣ кард.
Вазири маориф ва илм ҳамчунин бо омӯзгорони фанни забони русӣ, ки аз Федератсияи Русия ҷалб гардидаанд, суҳбати пурмуҳтаво ороста, аз ҳамкории судманди Тоҷикистону Русия дар самти маориф ва илм қаноатмандӣ изҳор намуд.
Дар охир вазир бо ҳайати омӯзгорони мактаби мазкур вохӯрда, онҳоро ба хештандорӣ, кӯшишу ҷадал дар роҳи омода намудани шогирдони босаводи сатҳи байналмилалӣ, ба роҳ мондани таълим ба забонҳои русӣ ва англисӣ, ширкат дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, ҷалби омӯзгорони варзида ба Мактаби президентӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
Ҳамчунин ба роҳбарияти муассиса дар самти беҳтар намудани шароити таҳсил, таъмин бо китобҳои дарсиву бадеӣ, фароҳам овардани шароити мусоид дар хобгоҳ ва ошхонаи муассиса, ҳавасмандгардонии омӯзгорону шогирдони варзида дастурҳои мушаххас дода шуд.