Тағйирёбии иқлим таҳдиди ҷиддӣ ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ
Тағйирёбии иқлим ба рушди иқтисодӣ ва шукуфоии ҷаҳонӣ ҷиддан таҳдид мекунад. Дар ин бора имрӯз директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Кристалина Георгиева зимни суханронӣ тавассути алоқаи видеоӣ дар ҷаласаи Эътилофи вазирони молия, ки тарафдори мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошанд, изҳор намудааст, — хабар медиҳад ТАСС.
«Тағйирёбии иқлим дар зоти худ таҳдиди ҷиддӣ ба рушд ва шукуфоӣ мебошад. Ин бениҳоят муҳим аст», — гуфт роҳбари ХБА. Вай даъват кард, ки маблағҳои барои дастгирии иқтисодиёт ба сабаби буҳрони вобаста ба пандемияи ҷудошударо барои сармоягузории фаъолият ҷиҳати муҳофизати табиат истифода намоянд. Чунин равиш имкон медиҳад, ки ҳам ММД-и ҷаҳонӣ афзоиш ёбад ва ҳам миллионҳо ҷойҳои корӣ ташкил карда шаванд.
Роҳбари ХБА инчунин аз ҳукуматдорони кишварҳое, ки муҳити зистро бо миқдори зиёди партовҳо олуда менамоянд даъват кард, ки арзиши камтарини квотаҳои карбониро муқаррар кунанд.
АМИТ “Ховар”