Маҷмӯаи «Андешаҳои баргузидаи Пешвои миллат» нашр шуд
Китоби нав зери унвони «Андешаҳои баргузидаи Пешвои миллат» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ интишор ёфт. Дар ин бора АМИТ “ХОВАР” иттилоъ медиҳад.
Мураттибони маҷмӯаи иқтибосҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нуралӣ Нурзод ва Зафар Саидзода мебошанд.
Маҷмӯа аз дебоча ва 12 боб иборат аст: «Тоҷикистони соҳибистиқлол — гаҳвораи ҳастии мо», «Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ», «Муқаддасоти миллӣ», «Ваҳдати миллӣ», «Забони мо — ҳастии мо», «Инсон ва ғояи созандаи ӯ», «Ахлоқ ва тарбия», «Ситоиши зан — модар», «Ҷавонон — ояндаи миллат», «Тоҷикистон — Ватани Наврӯз», «Асри тиллоӣ» ва «Шахсиятҳои фаромӯшнашуданӣ».
Дар маҷмӯа иқтибосҳо аз суханрониҳо, мақолаҳо ва китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои фарҳангию таърихӣ, ахлоқ ва тарбия, посдории забон, модар, Ватан ва рисолати ҳамзамонони мо оварда шудаанд.
Бояд зикр кард, ки дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои худ, мулоқоту суҳбатҳояшон бо халқ ва суханрониҳояш дар форумҳои байналмилалӣ бисёр фикрҳои ҷолиб ва оқилона иброз намудаанд.
Иқтибосҳои дар китоб гирдовардашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва худогоҳии ҷомеа, хусусан насли наврас ва ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муфид ва муассир хоҳанд буд.