Истифодаи оқилонаи заминҳои кишт дар шаҳри Ҳисор

Дар шаҳри Ҳисор майдони умумии заминҳо 97 ҳазор гектарро ташкил дода, аз ин ҳисоб 12 ҳазор гектари онро заминҳои кишт ташкил медиҳанд. Истифодаи оқилонаи заминҳои кишт пурра назора шуда, ҳоло кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои ҳудуди шаҳр  бо маром ҷараён дорад.

Дар доираи сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор беш аз 700 объекти ҷашнӣ сохтаю мавриди истифода қарор мегиранд. Барои бунёди иншоотҳо Кумитаи идораи замин ва геодезии шаҳри Ҳисор аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ қитъаи заминҳоро ҷудо намуда, ҳоло чанде аз ин иншоотҳо бунёд ёфтаанд. Алишер Хоҷазода раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии шаҳри Ҳисор атрофи ин гуфт, ки тамоми аризаву дархости шахсони воқеӣ пурра омӯхта, баъдан барои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди сотхмони иншоот тавсия дода мешавад.

Дар шаҳри Ҳисор деҳқонону кишоварзони бо истифода аз боду ҳавои мусоид пайи омода намудани замин ба кишти тирамоҳӣ машғул гардидаанд. Дар ҳудуди минтақа қисме аз ҳосили кишти дуюм ҷамъоварӣ карда шуд ва тухмии маҳсулоти ниёзи аввал амсоли пиёзу гандум кошта шуд. Роҳбари Кумитаи идораи замин ва геодезии шаҳри Ҳисор вобаста ба ин зикр дошт, ки ҷараёни истифода самаракони замин ва такрори кишти тирамоҳӣ пурра назора карда мешавад. Дар ин зимн заминҳое, ки бекорхобида буданду роҳбаронашон парвои истифодаи онро надошт, дубораи тақсим ва ба дасти деҳқону кишорварзӣ воқеӣ дода шуд, гуфт  раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии шаҳри Ҳисор Алишер Хоҷазода.

Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир истифодаи самараноки замин яке аз масъалаҳои муҳим дар бахши кишоварзии мамлакат маҳсуб меёбад. Феълан дар шаҳри Ҳисор ин масъала имрӯз низ вуҷуд дорад. Иддае аз сокинон ҳоло ҳам аз он нигаронанд, ки наметавонанд замини кишт дарёфт карда, хоҷагии деҳқонии худро ташкил диҳанд. Аз ин лиҳоз маҷбур мешаванд бо нархи гарон қитъаи заминеро иҷора гирифта, истифода баранд.

Аминзода Бахтовар

Садои Душанбе

 

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE