Кормандони ВАО дар Душанбе донишҳои ҳуқуқии худро такмил медиҳанд

«Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои журналист»-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе  барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат машғулияти омӯзишӣ оғоз ёфт, ки он аз ҷониби  Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон созмон дода шудааст.

АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи машғулияти  омӯзишӣ баланд бардоштани донишҳо ва маърифати  ҳуқуқии намояндагони воситаҳои ахбори омма мебошад.

Интизор меравад, ки зарфи се рӯз ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони  марказҳои матбуотии вазорату идораҳои мамлакат доктори  илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи  иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Умрилло Меликов доир ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи воситаҳои ахбори омма, вазъи ҳуқуқии журналист ҳамчун намояндаи воситаҳои ахбори омма ва дигар масоили марбут ба ҳуқуқи журналистон омӯзиш мегузаронад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE