Баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахт

Давлату Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешанд. Бо ибтикори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кудакону наврасони шахри Душанбе»даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз панҷуми феврали соли 2020 миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёнаи умумӣ  ва донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо,аспирантҳо,докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ,тақвияти нерӯи зеҳнӣ,дарефти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, тақвияти ҷаҳони маънави гузаронида мешавад.Дар даври шахрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ аз чор нохияи пойтахт-Исмоили Сомонӣ,Сино,Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дар панҷ наминатсия иштирок мекунанд, гуфт дар сӯҳбат бо мухбири радиои “Садои Душанбе” Умедаи Сангалӣ сармутахасиси Раёсати итилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Худойназарзода Муҳаммад.

Номубурда дар идома иброз дошт, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ,  миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар озмуни ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гашта истодааст. Тазаккур бояд дод,ки даври нохиявии озмун бо ракобати солими иштирокчиёни  он ҷамъбаст гардида,барои иштирок дар даври шаҳрии он 170 нафар довталабон роҳхат гирифтаанд.Дар рӯзи авали даври шаҳрии озмун 32 нафар довталабон аз ноҳияи Фирдавсӣ пойтахт аз руи номинатсияҳои «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик» «Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона  ва афсонаҳои  халқи тоҷик» «Хондан ва аз ёд  кардани осори адабиёти ҷаҳон» ва наминатсияи «шоирӣ» байни худ рақобат намуда,ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муарифӣ намудаанд.

Боиси тазаккур аст, ки ин иқдоми фарҳангӣ, ки маромаш ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона мебошад. Ҳамчунин озмуни мазкур ба ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати сиёсӣ имкон медиҳад, ки донишу маҳорати худро сайқал диҳанд.

 

Умедаи Сангалӣ

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE