Дар Кӯлоб бахшида ба 120-солагии шоир Сайдалӣ Вализода конфренсияи илмӣ-амалӣ доир гардид

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 120-солагии шоир, мутриб, сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1945), Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960) Саидалӣ Вализода конференсияи илмӣ-амалӣ  доир гардид. Дар конференсия муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, директори Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» Ҳотам Асозода, кормандони Хона – музейи  шоир  Сайдалӣ Вализода ва аъзои маҳфили «Ганҷи Кӯлоб»  аз ашъори шоир, ки саросар аз рӯҳияи ватанпарастиву инсондӯстӣ иборат аст, ёдоварӣ намуда, шеърҳояшро қироат ва қиссаву ҳикояҳои ҷолибу пурзарофаташро қисса карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Саидалӣ Вализода аз зумраи он шоирони маъруфи  мардумист, ки дар замони аввали  Тоҷикистони шӯравӣ  шеърҳои равони ӯ, ки    бо сабки халқӣ  иншо шудаанд,  зуд  ба дилҳо ҷо шуда, аз даҳон ба даҳон мегузаштанд. Бахусус, шеъри «Ленин бародар раҳнамо»-и  шоир  шуҳрати зиёд пайдо карда буд ва онро ҳофизони маъруф месароиданд. Шоири  ҳақиқатгӯ ҳамеша ба муқобили ҳама гуна урфу одатҳои зарарнок—мероси замонҳои гузашта бо яроқи ҳаҷв мубориза
бурда, порахӯрӣ, коргурезӣ, бадмастӣ, бемасъулиятӣ, танбалӣ, фиребгарӣ барин рафторҳои ношоистаро зери тозиёнаи ҳаҷву танқид мегирифт.

Баромадкунандагон зикр  намуданд, ки  мубориза ба муқобили босмачиён ва боқимондаҳои замони кӯҳна, васфи сохти колхозӣ, бартариҳои ҳаёти сотсиалистӣ – мундариҷаи ашъори солҳои 20 ва 30-юми  шоирро ташкил додаанд. Шоири мардумӣ Саидалӣ Вализода мактаби адабии худро дошт, ки дар он  шоирони шинохта, ба  монанди  Ҳақназар Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Ашӯр Сафар ва бисёр дигарон  ба камол расидаанд.

Таъкид гардид, ки Саидалӣ Вализода тамоми умр мисли занбӯри асал, ки шираи гулҳоро мечинад, байни мардум гашта, беҳтарин офаридаҳои  шифоҳиро ҷамъ карда, мисли ганҷина дар зеҳн медошту дар мулоқоту суҳбатҳо дидаву шунидаҳояшро бо обуранги хосе ҳикоят ва шунавандагонро мафтун мекард.

С. Вализода донандаи ҳикояву латифа, панду ҳикмат, байту ғазал, достону мазҳакаҳои халқӣ буд, онҳоро худаш ҳам мебофт ва худаш каҳрамони онҳо мешуд. Бисёр гуфтаҳои  шоири халқӣ  латифа шуда,  то ҳанӯз дар байни мардум мегарданд. Дар ашъори ӯ  шеърҳои ҳаҷвӣ мавқеи хосса доранд.

С. Вализода дар шеърҳои «Меҳнат кун», «Зарур», «Ибрат гир», «Ҳангоми кишти пахта», «Даъвати ман», «Меҳнат шараф аст», «Ҳадаҳа», «Стаханов», «Духтари озод» ва ғайраҳо  бунёдкориҳои одамони советӣ, кору рафтори зарбдорони майдони меҳнатро тасвир кардааст. Шоир  ҳамчун вассофи ғояҳои сулҳу амният дар шеърҳои «Лаънат ба ғоратгарон», «Нест бод ҷангҷӯён», «Нест бод ҷанг» симои империалистони хориҷӣ-оташдиҳандагони ҷанги навро фош ва маҳкум намуда, дар шеърҳои «Қувваи сулҳ», «Тарафдори сулҳ» ғояҳои сулҳу озодиро ташвиқу тарғиб намудааст.  С. Вализода муаллифи манзумаҳои «Достони Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1946), «Нозими Ватан» (1952), «Ду додарон» (1958), «Нодир ва Муҳтарам» (1964) низ мебошад, ки дар ин офаридаҳо ғояҳои ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ  тарғиб шудаанд. Ӯ инчунин гурӯғлисарои машҳури тоҷик буда, бо ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Саидалӣ Вализода 10 октябри соли 1900 дар деҳаи Чуқураки  ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда,  12 декабри соли 1971 дар шаҳри Кӯлоб аз олам чашм пӯшидааст. Хизматҳои  шоистаи  Сайдалӣ Вализодаро ба инобат гирифта, имрӯз дар  мамлакат  чандин мактаб, маҳаллаҳо ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи ин шоири маҳбуби халқ гузошта шудаанд.

АМИТ “ХОВАР”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE