Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мегардад

 Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраеви пойтахт  даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид,  ки он  то 25 октябри соли равон  идома меёбад. Дар ин даври озмун  100 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ иштирок намуда,  дар 3 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд.«Даври аввали  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз  18 то 24 августи соли равон  бо иштироки 572 нафар довталабон аз  4 ноҳияи шаҳри Душанбе, аз ҷумла  Шоҳмансур – 70,  Фирдавсӣ – 290,   Исмоили Сомонӣ – 136  ва Сино – 76 нафар  дар толорҳои консертии муассиса ва марказҳои фарҳангии пойтахт доир гардиданд. Довталабони ин даври озмун  маҳорати худро дар 3 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар се жанр — академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ нишон  доданд. Аз ин шумора  танҳо 236 нафар барои ширкат дар даври ноҳиявии озмун  роҳ ёфтанд. Дар  ҷамъбасти даври ноҳиявии озмун 100 нафар довталабон ба даври шаҳрии он  роҳхат гирифтанд»,-афзуд манбаъ.

Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ, яъне даври ҷумҳуриявии Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз 5 то 10 октябр дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, аз 12 то 15 октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз 16 то 20 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, аз 21 то 25 октябр дар шаҳри Душанбе ва аз 21 то 25 октябр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор) баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор карда мешавад. Ҷиҳати амалӣ кардани озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо гардидааст.

Ҳадаф аз баргузории озмун-ин дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE