Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад

Шоми 31-уми июл узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим пешвоз гирифт.

Интизор меравад, ки пагоҳ, 1 август дар доираи сафар Ван Иро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳузур пазиранд.

Ҳамчунин мулоқоти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар назар аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE