Омодагии муассисаи нигаҳдории роҳҳои шаҳри Турсунзода ба давраи зимистон

Дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати дар фасли  сармо таъмин намудани ҳаракати востаҳои наклиёт дар шоҳроҳҳо омодагиҳо ба анҷом расида, дар баробари ташкили реҷаи корӣ, миқдори лозимаи маводи сўхт захира ва техникаҳои роҳдорӣ аз таъмир бароварда шудаанд.

Дар муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода ба хотири таъмини рафту омади воситаҳои нақлиёт  дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020- 2021, накшаи корӣ таҳия гардида, давоми соли ҷорӣ як катор корхои  таъмирӣ дар роҳҳо ба анҷом расонида шудаанд. Амирали Асоев-сармуҳандиси Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри мазкур, мегуяд, дар тавозуни корхона  283,4 км роҳҳо мавчуд аст, ки аз он 5,9 км ҷумҳуриявӣ, 22,8 км байналмилалӣ ва 254,7 км дигаро роҳи маҳҳалӣ ташкил додаанд. Ба таъкиди номбурда, новобаста аз ҷой доштани баъзе аз мушкилот, онҳо тавонистаанд, қисме аз ин роҳоро аз таъмири хушсифат бароранд.

Ба хотири иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарбахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» дар Муасисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода корҳои омодагӣ дар сатҳи баланд анҷом ёфта,  дар баробари захираи маҳсулоту маводи техникӣ, кормандон бо либоси гарми зимистона таъмин гардидаанд. Гуфт дар идомаи суҳбат Амирали Асоев-сармухандиси Муассисаи мазкур.

Ба гуфтаи масъулини Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода ҳамасола, дар ҳолатҳои тулонӣ омадани зимистон ва камбуди техникаву ашёи корӣ ба онҳо Корхонаи манзилию камуналӣ ва дигар ташкилоту соҳибкорон кумак мерасонанд. Бо назардошти сардиҳои эҳтимолӣ дар соли ҷорӣ шаҳр аз нақша барзиёд мавод намудааст.

Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар шаҳру деҳот аз фаъолияти хуби кории роҳҳои автомобилгард вобастагӣ дорад. Дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати дар фасли сармо дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои наклиётӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, масъулин бар он умеданд, ки хоҷагии ҳалқи шаҳр зимистони имсоларо бе мушкилот паси сар хоҳанд намуд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE