Ювентус бо Пирло дар Силсилаи А натиҷаҳои хуб нишон намедиҳад

Даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии Италия оид ба футбол шоми сипаришуда бо дидори  дастаҳои Милан ва Рома ҷамбаст гардид. Дар ин давр ҳамчунин дастаи Ювентус бо тими Верона вориди майдони рақобат шуд. Интер бошад тими Ҷеноаро ба шикаст дод.

Шоми гузашта дар даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии Италия оид ба футбол бо дидори дастаҳои Милан ва Рома ҷамбаст гардид.  Вохӯрии дастаҳо дар майдони «Сан-Сиро»-и шаҳри Милан доир шуда, бо натиҷаи мусовии 3:3 хотима ёфт. Дидори мазкур ҷолибу диданӣ  доир гардид. Нахуст дар дақиқаи дуюм ҳамлагари дастаи Милан Залатан Ибрагимович ба рахна кардани дарвозаи рақиб даст ёфта ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Вале то анҷоми нимаи аввал футболбозони шаҳри Рим тавонистанд ба ин голи ҳарифонашон ҷавоб гардонида, ҳисобро баробар созанд. Голи нахустини дастаи Ромаро Эдин Ҷеко муалифӣ намуд. Дар ниами дуюми дидор низ миланиҳо нахустин шуда ба пеш баромаданд. Ин голро Алексис Салемакерс ба нишон расонид. Дар дақиқаи 71-уми рақобат Жордан Верету бо иҷрои зарбаи пеналти бозам ҳисобро баробар кард. Голи сеюми дастаи Милан низ аз ҷониби Иброгимович бо иҷри зарбаи 11 метра зада шуд. Вале то анҷоми дидор  Мараш Кумбула маротибаи сеюм дарвозабони миланиҳоро маҷбур кард ки тубро аз дохил дарвозааш гирад. Бо ҳамин ин дидор бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Баъди ин набард дастаи «Милан» бо касби 13 хол ва бидуни мағлубият садрнишини ҷадвали Серияи А аст. «Рома» бо 8 хол дар ҷои 9-ум мавқеъ касб намудааст.  Бо натиҷаи 3:3 дар доираи даври панҷуми Силсилаи А ҳамчунин дастаҳои Сасуоло ва Торино вохуриашонро ҷамбаст намуданд.

Қаҳрамони Италия Ювентуси Турин дар даври навбатии мусобиқаи қаҳрамонии Италия оид ба футбол тими Веронаро пазироӣ намуда, имитёзҳояшро бо ин даста тақсим намуд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи Алянс Стедиум доир гардида, бо натиҷаи 1:1 ҷамбаст шуд. Нимаи авали ин рақобат бидуни гол ҷамбаст шуд. Танҳо дар дақиқаи 60-ум Фавили бо ворид кардани туб ба дарвозаи Шченси ҳисобро бар нафъи дастаи Верона кушод. Сипас дар дақиқаи 77-ум голи ҷавобии тими туриниро Кулусевски ба номи худ сабт карда, ҳисобро баробар кард. Ҳамин тариқ Юветус бо ҷамбасти даври панҷуми мусобиқа дар ҳисоби худ 9 имтиёз дошта мавқеи панҷумро дар ҷадвал ишғол кардааст.

Дар доираи даври панҷуми Сислсилаи А-и Италия дастаи Интер дар сафар тими Ҷеноаро бо ворид кардан иду голи беҷавоб шикаст дод. Голҳои дастаи миланро Лукаку ва ДАмброзио ба нишон расониданд. Интер то кунун 10 имтиёз касб карда дар мақоми чоруми ҷадвал қарор гирифтааст.  Дастаи Наполи, ки то кунун бо касби 12 имтиёз пас аз дастаи Милан дар мақоми дуюми ҷадвал қарор гирифтааст, дар даври панҷуми Силсилаи А бо тими Беневенто вориди майдон шуда, бо натиҷаи 1:2 пирузӣ ба даст овард. Дастаи Латсио низ бо ҳамин натиҷаи дар ин давр тими Болонияро ба шикаст ру ба ру кард. Сампдория бошад дастаи Аталантаро дар меҳмонӣ бо натиҷаи 1:3 мағлуб кард. Дидори дастаҳои Каляриву Кротоне бо натиҷаи 4:2 бар нафъи тими Каляри ҷамбаст гардид. Ҳамчунин дар ин даври Силсилаи А-и Италия дастаи Фиорентина бар тими Удинезе пируз омад. Рақобати дастаҳои Пармаву Спетсия бошад бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт.

Раҳмонзода Миҷгона

Садои Душанбе  

                                                                         

 

 

 

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE