Намоишгоҳи «Made in Tajikistan-2020» имсол дар шакли онлайн мегузарад
Аз 26 ноябр то 17 декабри соли равон намоишгоҳи анъанавии «Made in Tajikistan-2020» тариқи онлайн баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Вобаста ба вазъи кунунии иқтисодии ҷаҳон ва инчунин пандемияи COVID-19 тасмим гирифта шудааст, ки баргузории намоишгоҳ тавассути Интернет сурат гирад.
Ҳадафи асосии намоишгоҳ дастгирии соҳибкорон ва содиркунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, инчунин дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, таблиғи ширкатҳою маҳсулот дар бозорҳои дохилию байналмилалӣ ва афзоиши иқтидори содиротии Тоҷикистон мебошад.
Ба гуфтаи созмондиҳандагони намоишгоҳ, иштироки ширкатҳо дар он ройгон хоҳад буд, ки ин шумораи содиротро васеъ ва истеъмолкунандагони маҳсулотро дар бозори дохилию хориҷӣ зиёд мекунад.