Шарҳи дидорҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо

Дар доираи рақобатҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи дастаҳои қаҳрамони Аврупо шоми гузашта дастаҳои чор гурӯҳи аввал вориди майдони рақобат шуданд. Дар ин давр дастаи Реал Мадрид, Аталанта ва Интер дидорҳояшонро бо натиҷаи мусовӣ ҷамбаст намуданд. Ливерпул ва Манчестер Сити бошанд, бар рақибонашон пируз омаданд.

Мухлисони сершумори варзиши рақами 1 дар саросари ҷаҳон шоми сипаришуда бозам шоҳиди рақобатҳои ҷолибу дидании мусобиқаи умумиаврупоӣ Лигаи қаҳрамонҳо гардиданд. Дар даври дуюми марҳилаи гуруҳии мусобиқаи мазкур дастаҳои Локомотиви Русияву Баварияи Олмон ва Атлетикои Испанияву Редбули Австрия аз гуруҳи А вориди майдони рақобат шуданд. Дастаи Локомотив ин навбат тими каҳрамони Олмон Баварияро дар майдони худ пазироӣ намуд. Нахуст дар дақиқаи 13-ум Горетска ба кушодани ҳисоби бозӣ даст ёфт. Вале дар нимаи дуюм Миранчук дарвозаи Нойерро рахна карда, ҳисобро баробар кард. Голи ниҳоӣ ва пирузиовари олмониҳоро Кимих ба номи худ сабт кард.  Ҳамин тариқ дидори мазкур бо натиҷаи 1:2 бар нафъи тими Бавария ҷамбаст гардид. Бо ҷамбасти ду даври марҳилаи гуруҳӣ тими Бавария бо кабси 6 имтиёз садрнишини гуруҳи А гардид.

Дар рақобати дигари ин гуруҳ дастаҳои Атлетико ва Ред Бул миёни ҳам қувваозмуданд. Дидори ин дастаҳо дар вразишгоҳи Ванда Метрополитанои Испания сурат гирифта, бо натиҷаи 3:2 бар нафъи тими испанӣ ҷамбаст гардид. Атлетико, ки бо ин пирузӣ се имтиёз ба даст овард дар гуруҳаш мавқеи дуюмро соҳиб шуд. Дастаҳои Локомотиву Ред Бул дар ҳисоби худ як холӣ дошта зинаҳои сеюму чорумро ба худ ихтисос додаанд.

Дар дидорҳои даври дуюми марҳилаи гуруҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо аз гуруҳи Б Шахтёри Украинаву Интери Италия ва Борусияи Мюнхенгладбах Олмону Реал Мадриди Испания имтиёзҳояшонро бо ҳам тақсим намуданд. Бозии дастаҳои Шахтёру Интер бидуни гол ҷамбаст шуд. Аммо Реал Мадрид, дар охирин лаҳзаҳои вохурӣ худро аз мағлубият наҷом дод. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 33-юм футболбози мизбонон Маркус Тюрам боз кард. Баъдан дар дақиқаи 58-ум ин футболбози фаронсавӣ голи дуюми дастаашро ба нишон расонида, ҳисобро 2:0 кард. Ҳамин тариқ то дақиқаи 87-ум мизбонон пешщсафии худро нигоҳ медоштанд. Вале се дақиқа боқӣ мондан то анҷоми дидор Карим Бензема ва Каземиро дарвозаи олмониҳоро рахна карда, дастаашонро аз бохт наҷот доданд. Баъди ин бозӣ «Боруссия» бо касби 2 хол дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи “В” аст. “Реал” бошад, бо дарёфти 1 хол дар ҷои охири гуруҳ мавқеъ касб намудааст. Шахтёр бошад дар ин гуруҳ бо касби 4 имтиёз садрнишин аст. Дастаи Интер низ дар ҳисобаш танҳо ду хол дорад.

Дастаҳои Портуи Португалия ва Манчестер Ситии Англия дар даври дуюми марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳо рақибонашон тимҳои Олимпиакоси Юнон ва Марсели Фаронсаро ба шикаст ру ба ру карданд.  Манчестер сити ҳамакнун бо касби 6 имтиёз садринишини гуруҳи С гардид. Порту ва Олимпиакос бошад  дар ҳисоби худ се имтиёзӣ дошта зинаҳои дуюм ва сеюми гуруҳро касб кардаанд. Марсели Фаронса бошад дар ҳисобаш то ҳол имтиёз надорад.

Ливерпули Англия низ дар доираи даври дуюми марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳо тими Мидтюланди Данияро бо ворид кардан иду голи беҷавоб мағлуб кард. Голҳои дастаи англисро Диогу Жота ва Муҳаммад Салоҳ ба номи худ сабт карданд. Аталантаи Италия бошад бо тими Аякси Голандия дидорашонро бо натиҷаи мусовии 2:2 ҷамбаст намуданд. Дастаи Ливерпул ҳамакнун бо касби 6 имтиёз садрнишини гуруҳи Д мебошад. Аталанта бошад дар ҳисоби худ 4 хол дошта, мақоми дуюми ҷадвалро ишғол намуд.

Раҳмонзода Миҷгона

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE