Зимистонгузарони дар муасссисаҳои тиббии шаҳри Роғун

Дар доираи қарори  ҳукумати кишвар “Дар бораи омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ барои  фаъолияти мунтазам ва самарабахш  дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” дар Беморхона ва Маркази саломатии шаҳри Роғун нақшаи зимистонгузаронӣ таҳия гардида, муассисаҳои тиббии шаҳр, аз таъмир бароварда шуда имрӯзҳо бо маводи сӯхту ашёи зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Дар баробари маркази шаҳри Роғун дар деҳоти он чор маркази саломатӣ ва 13 бунгоҳи тиббӣ фаъолият доранд, ки  дар ҳифзи саломатии мардум хизмат мерасонанд. Илҳомҷон Муродов иҷрокунанда вазифаи менеҷери Шабакаҳои кумаки аввалияи тибби шаҳри Роғун мегуяд, фаъолияти ин муассисаҳои тиббии деҳотӣ, таҳти назорати ҷиддии масъулин қарор дошта, бо таҷҳизот ва маводи лозимаи зимистонгузаронӣ таъмин карда мешаванд:

Сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз таъмини шароитҳои модию техникии ҳар як муассиса сахт вобастагӣ дорад. Масъулини Беморхонаи марказии шаҳри Рогун  бар он боваранд, ки  то дар рӯзҳои наздик тамоми марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии шаҳрро, тиббқи нақша аз   таъмири ҷори бароварда, бо хӯрока, маводи сӯхт, печҳои аловию барқӣ ва дигар ашёи зарурӣ таъмин менамоянд, то дар фасли сармо ин муассисаҳои тиббии шаҳр, бе таъхир фаъолият намуда, ба мардум дар сатҳи баланд, хизматрасонӣ намоянд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE