Мулоқоти маҷозӣ бо роҳбарияти Бунёди сармоягузории Арабистони Саудӣ
11 ноябри 2020 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрии маҷозӣ байни вазорату идораҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди сармоягузории Арабистони Саудӣ (PIF) ва ширкати энергетикии ACWA POWER – и он кишвар баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шараф Шерализода ва ҳайати Арабистони Саудиро мудири иҷроии Бунёди сармоягузории Арабистони Саудӣ Язид Ал-Ҳумайид роҳбарӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи Тоҷикистон муаррифӣ гардида, масоили ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар баррасӣ шуданд.
Манбаъ: сомонаи ВКХ