“Тоттенҳэм”боз “Манчестер Сити”-ро шикаст дод

Дастаи мавсими дуюм мешавад,ки дар майдони худ “Манчестер Сити”-ро шикаст медиҳад. Ин дафъа ҳам шогирдони Жозе Мауринио бо ҳисоби 2:0 дастболо шуданд. Дар вохӯрии ахири дастаҳо, ки моҳи феврал сурат гирифта буд, ҳамин натиҷа ба қайд гирифта шуд. Дар ин рақобат Сон Ҳин Мин дар дақиқаи панҷум ҳисобро боз кард. Мавсуф акнун дар 9- бозӣ голи нуҳумашро ба ҳадаф расонид. Тӯби дуюми мизбононро Ҷовани Ло Челсо баъди 35 сонияи ба майдон омаданаш дар қисми дуюм ба ҳадаф расонид. Бо ҳамин “Манчестер Сити” бо 12 хол дар мақоми 10-ум қарор гирифт ва “Тотттенҳэм” ба садри ҷадвал баромад. Ёдовар мешавем, ки Мауринио бори аввал дар рақлабти ру ба рӯ бо Гвардиола дубор пайиҳам дастболо шуд.

varzishtv.tj

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE