Аввалин ғолибияти Диего Симеоне зидди «»Барселона» дар доираи Ла Лига

Дар бозии даври 10-уми Ла Лигаи Испания «Атлетико» дар майдони худ «Барселона»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Голи ягонаи вохӯриро пас аз хатогии дағали Тер Штеген дар дақиқаи 3-юми иловагии қисми якум Карраско ба ҳадаф расонид. Ин аввалин ғолибияти Диего Симеоне зидди «»Барселона» дар доираи Ла Лига мебошад.

Ҳамчунин бояд хотиррасон кунем, ки дастаи каталонӣ 3 бозӣ пайиҳам «Атлетико»-ро шикаст дода наметавонад — 2 шикаст ва 1 мусовӣ.

Пас аз 8 бозӣ дар чемпионати Испания дастаи Роналд Куман дар ҳисоби худ ҳамагӣ 11 имтиёз дорад: 3 ғалаба, 3 бохт ва 2 мусовӣ.

Ин бадтарин нишондод даста дар 29 соли охир мебошад. Охирон бор «Барселона» дар мавсими 1991/1992 ҳамин гуна натиҷа дошт. Шавқовараш ин аст, ки он мавсим каталониҳо чемпиони Испания шуда буданд.

varzishtv.tj

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE