Омодагии муассисаҳои таълимии пойтахт ба зимистон

Бо мақсади бе мушкилӣ  гузаронидани  давраи  зимистони солҳои  2020 -2021 тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Тибқи иттилои Сарраесати маорифи шаҳри Душанбе барои бе мушкилӣ гузаронидани  фасли зимистон  аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ чор ноҳияи шаҳри Душанбе  бо гармӣ пайваст буда таҷҳизоти гуногуни барқӣ низ дар ҳолати корӣ карор доранд. Ҳамкорамон Умедаи Сангалӣ ин мавзӯро пайгирӣ намудааст:

Дар шаҳри Душанбе давоми солҳои охир  пайвастшави бинову иншооти соҳаи маориф ба шабакаи  ягонаи гармидиҳӣ бештар шудааст ва ҳоло аксари муассисаҳои таълимӣ пойтахт бо истифода бурдани низоми марказонидашуда бо гармӣ таъмин карда мешавад.Ба итилои масулини Сарраёсати шаҳри Душанбе дар мавсими имсола 165 муассисаи соҳаи маорифи пойтахт бо гармӣ таъмин карда шудаанд.Аз 165 муассисаи соҳаи маориф,ки ба шабакаи  ягонаи гармидиҳӣ пайваста аст 33 муасиса ба ноҳияи Шохмансур 13 муассиса ба ноҳияи Фирдавси 75 муасиса ба ноҳияи Сино 29 иншоот ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва даҳ муассисаи тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе рост меояд.Чунин гуфт Омузгор Фозил Косимов.

Муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии рақами 21 ба мақсади зимистонгузаронии солҳои 2020-2021 пурра омода гардидааст. Ҳама биноҳои муассиса  бо гармӣ таъмин гардидааст.Ду генератои барқӣ, ки  ба тариқи эҳтиёт омода шудааст ин метавонад пурра муассисаро таъмин намояд.

Дар ин баробар ба хотири чораҳои эҳтиетӣ ба эҳтимоли дар муасисаҳои бахши маорифи шаҳр хамзамон сузишворӣ ва қуму намак захира гардидааст.Инчунин генераторҳои барқӣ низ дар ҳолати омодабош қарор доранд.Мегӯяд Бибикалон Авазова Омузгор.

Дар маҷмӯъ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе тадбирҳои соҳавӣ  дар асоси нишондоди Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиет ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020- 2021 тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидааст.

Ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ миннатдории худро мерасонам, ки барои мо чунин шароитҳои хубро фарохам овардаанд.Аз ҷумла дар фасли сармо чунин синфхонаҳои гармро таъмин менамояд, ки мо хонандагон метавонем озодона аз ин муассисаи илму адаб машғули дарсхонӣ бошем. мегӯяд Шукронаи Хошим хонандаи мактаби рақми 51-и ноҳияи Фирдасӣ

Дар муассисаҳои  то мактабии ҳудуди шахри Душанбе низ корҳои омодагӣ  ба ин давра амалӣ шудааст.Бо максади фарогири кӯдакон ба таълиму тарбия дар шароити зарурӣ дар пойтахти мамлакат мумтазам чорахои мусоидаткунанда дар амал тадбиқ карда мешавад.

Умеда Холова

Садои Душанбе

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE