Парафшон Парчами мо зинда бодо!

Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои  Олӣ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қабул ва тасдиқ гардидааст.Бо дар назардошти арҷгузорӣ  ва ҳивзи  арзишҳои миллию давлатӣ ҳамасола рӯзи 24-ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷлил мешавад. Ҳамкорамон Умедаи Сангалӣ мавзӯро пайгирӣ намудааст:

Аввалин Парчаме, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардида буд, дар Осорхонаи миллӣ Тоҷикистон ҳифз гардидааст .Матои Парчами давлатӣ,ки муарифгари  миллатти тоҷик дар арсаи чаҳонӣ имрӯза аст бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон моҳи июни соли 2007 дар рузҳои тачлили 15-умин солгарди  Ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд аз ин пас матои Парчами давлатӣ  дар шуъбаи таърихи нав ва навтарини толори Истиқлоли Осорхонаи миллии Точикистон манзури тамошобинон гардидааст.Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хосса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ  ин сунати аҷдоди таърихи беш аз 40 ҳазорсола дорад.

Парчами давлатӣ  барои хар як халқу миллат ва давлатҳо муарифгари он мебошад,зеро ки  қабул гардидани Парчами давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иродаи халқи  матини Тоҷикистон дар сатҳи Конститутсия яъне моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ гардидани рамзҳои давлатӣ  аз ҷумла Парчами давлатии ҶТ ифодагари он аст. Мегӯяд Зуҳуриддин Асрорзода корманди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки ҳар давлату миллат дорои нишонаҳо ва муқаддасоти хоси худ мебошад, ки Парчами давлатӣ аз зумраи онҳо маҳсуб мешавад.Яке аз ин муқадасоте,ки таҷасумгари симои миллии давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол аст Парчами давлатӣ ба шумор меравад. Мардуми тоҷик низ ҳамчун миллати куҳанбунёд аз замонҳои қадим  соҳиби парчами худ буд.Парчам хануз аз замонҳои қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус буд. Парчами давлатии  ҶТ дар пештоқи СММ барафрохта шудааст.Ин нишонаи он аст,ки давлатҳои ҷаҳон моро ба мисоли анаҳамин Парчами давлатии ҶТ мешиносанд ва медонанд,ки дар харитаи ҷаҳон Точикистони сохибихтиёр демократ дунявӣ ва ягона мавҷуд мебошад. Мегуяд Зуҳуриддин Асрорзода корманди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сӯҳбат

Бояд зикр намуд, ки Парчами давлатӣ ифодагари ягонагию сохибихтиерӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву механпарастӣ  ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунеду бофарҳанги мо буда,  волотарин мақсаду  мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос менамояд.

Холова Умеда

Садои Душанбе

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE