Аз 1 январи соли 2023 дар Тоҷикистон таътили зимистонаи хонандагон оғоз меёбад

Аз 1 январи соли 2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз мегардад, хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода.

«Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд. 11 январ дар тамоми мактабҳо дарс оғоз мегардад»,- гуфт Зиёратшоҳ Назруллозода.

Тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таътили зимистона хонандагон ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб мешаванд.

Инчунин ба хонандагон  барои мутолиа рӯйхати ададбиёти бадеӣ пешниҳод мегардад.

Вазорат аз ҳамаи падару модарон даъват ба амал меорад, ки дар таътили зимистона  назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн монеи оворагардӣ  ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ бояд шаванд.

Таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.

Дар ин давра дар тамоми  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ доир мегарданд, ки хонандагон ба онҳо омодагӣ мегиранд. Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона доир мешавад. Он моҳи ноябр миёни мактаббачагон  гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE