Завқӣ Завқизода: «Рушди миёнасолонаи иқтисодиёти мамлакат соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид»
ДУШАНБЕ, 05.01.2023. /РАДИОИ “САДОИ ДУШАНБЕ”/. Дар панҷ соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи 7,3 фоиз ва дар соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 71 млрд сомонии соли 2018 то 115 млрд сомонӣ дар соли 2022 ё 1,6 баробар расонида шуд. Ин нуктаро Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода зимни ҷамъомад вобаста ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар изҳор намуд.
Таъкид гардид, ки дар Паём ба вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди иқтисодии устувори кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ вазифаҳо гузошта шудаанд.
Вобаста ба ин роҳбарият ва тамоми кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он бо масъулияти баланд тасмим гирифтанд, ки Паёми Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии нақшаи чорабиниҳои он чораҷӯӣ намоянд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат дар самтҳои рушди бахши воқеӣ, савдо, соҳаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Паём ибрози андеша намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ