Панҷ варзишгари тоҷик барои тамрин ба шаҳри Миттерсили Австрия мераванд
Бо ташаббуси президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дастаи мунтахаби кишвар оид ба дзюдо аз 9 то 16 январ дар шаҳри Миттерсили Австрия бо беҳтарин варзишгарони Аврупо ба тамрин фаро гирифта мешавад. Дар ин бора Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар дод.
Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дзюдочиён Комроншоҳи Устопириён, Обид Ҷейбов, Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев ва Беҳруз Хоҷазода барои тамрин дар аввалин ҷамъомади таълимии байналмилалӣ дар Миттерсилл шомил шуданд.
Ҷамъомади таълимии ҳамасола аввалҳои моҳи январ дар Австрия баргузор мешавад. Ҳар сол зиёда аз 600 нафар варзишгарон аз зиёда аз 45 кишвар ба Миттерсилл меоянд.
Ёдовар мешавем, ки президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дар доираи сафари корӣ ба Аврупо чанд созишнома ба имзо расонид.
Тибқи яке аз ин созишномаҳо дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон аввали моҳи январи соли 2023 барои тамрин ба шаҳри Миттерсили Австрия сафар мекунад.
«Барои тамринҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон президенти Федератсияи дзюдо барои соли 2023 ва солҳои оянда мураббиёни ботаҷрибаи ҷопониро ҷалб кардааст, то дзюдочиёни мамлакат дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ нишондиҳандаҳои хуб ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии 2024 холҳои зарурӣ ҷамъ оваранд», — тазаккур доданд дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Ҳамзамон барои таъмини раванди тиббӣ-биологии тайёрии варзишгарони дастаи мунтахаб мутахассисони тиббии варзиш ҷалб карда мешаванд.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон