Гузориш аз рафти “Фестивал-намоиши чорвои зотӣ” дар шаҳри Ваҳдат
Дар доираи сиёсати аграрии Ҳукумати кишвар дар шаҳри Ваҳдат “Фестивал намоиши чорвои зотӣ” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хочагиҳои зотпарварии шаҳру ноҳияҳои тобеии марказ чорвои худро ба маърази тамошову фурӯш гузоштанд. Гузориши ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода аз ин чорабинӣ:
Дар Фестивал – намоиши чорвои зотӣ, ки бо ибтикори Вазорати кишоварзии мамлакат ташкил карда шуд, аз ҷониби хоҷагиҳои чорводории ноҳияҳои тобеи марказ аз ҷумлаи Турсунзода Ҳисор , Рӯдакӣ , Шаҳринав, Ваҳдат Варзоб, Файзобод ва минтақаи Рашт ва шахсони алоҳида зотҳои гуногуни чорвои калону майда тоҷикӣ ва хориҷиро ба намоиш гузоштаанд.Вазири кишоварзии ҶТ Сулаймон Зиёзода зимни баромадаш аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар самти соҳаи чорводорӣ ёдрас шуда изҳор дошт, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ ба хотири хушзоткунии чорвои маҳали ҳазорҳо чорвои зотии гуногун ворид гарда шудааст. Хуршед Давлатов-директори инситути чорводори ва чарогохои Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ. Оид ба ҳадафҳои баргузории Фестивалн- намоиши чорвои зоти изҳор дошт:
Дар чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби хоҷагидорон чорвои калони зотҳои сиёҳалло, шветсузебумонанд, сименталӣ, сарсафед, моли майдаи зотҳои тоҷикӣ, ҳисорӣ, қароқулӣ маҳинпашм ва бузи тоҷикии серпашм пешниҳод гардида буд. Иброҳим Бобокалонов- сардори Хоҷагии зотпарварии Дишо-2-и ноҳияи Варзоб мегӯяд хоҷагии мазкур ба парвариши чорвои хурди шохдори серпашм машғул аст, ки шумораи онҳо ба 1 ҳазору 870 сар баробар шудааст. Номбурда баргузори ин фестивалро барои чорводорон мухим арзёби намуд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар Фестивал – намоиши чорвои зоти, ки дар шаҳри Ваҳдат ддоир гардид бори авал аз ҷониби Хоҷагии чорводории Сим-Сими ноҳияи Рӯдакӣ Уштурҳо ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Ба гуфтаи Диловар Зоиров намояндаи хочагии мазкур, хочаги ин зоти уштуро аз Казокистон ворид намуда тули се соли тачри ба ба натича расидааст, ки дар иклими ин минтакаи Точикистон парвариши ҳайвони Уштур созгор ва манфиатовар будааст.
Сулаймон Шоев сарзотехники Хоҷагии аспарварии “ Дошманди”-и н Файзобод мегӯяд имрӯз дар ин хоҷагӣ беш аз 250 аспҳои хушхзот парваприш меёбанд, харидорони онҳо зиёд будаанд ва тули солҳои фаъолият ин корхона тавонистааст, ба дохил ва хоричи мамлакат даҳо аспҳои хушзотро ба фуруш барорад.
Маврид ба ёдоварист, ки намояндагони Академияи илмҳои кишоваврзи ва дигар коршиносон соҳа ва хоҷагидорон баргузории ин чорабиниҳо дар самти чорвои хушзот дар кишварро як навъ табодули таҷриба миёни чорводорон ба хотири хушзот намудани чорво ва баланд бардоштани маҳсулнокии он дар кишвар арзёби карданд.Дар анҷоми фестивал- намоиши чорвои зоти – Кумитаи тадорукоти, таҳти роҳбари Сулаймон Зиёзода Вазири кишоварзии ЧТ аз маҳсули парваришнамудаи чорвои хушзоти хоҷагидорони кишвар дидан намуда, баҳогузори намуд. Дар анҷом ба чорводороне, ки дар фаъолияти худ дар самти чорвои зоти ба натиҷаҳои хуб ноил гардидаанд ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирави тақдим карда шуд.
Тоҷиддин Сатторов
Садои Душанбе