Дар Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон Маркази забон ва фарҳанги чинӣ ифтитоҳ мешавад
Масъалаҳои ифтитоҳи Маркази забон ва фарҳанги чинӣ дар Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон 8 ноябр зимни мулоқоти роҳбарияти донишгоҳ бо ҳайати филиали ширкати «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти донишгоҳ иттилоъ доданд.
Мулоқот бо мақсади амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд доир гардид.
Филиали ширкати «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited» ширкати махсуси гази Тоҷикистон ва Чин мебошад, ки бо мақсади таҳкими ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистон ва Чин тавассути татбиқи лоиҳаи сохтмон ва истифодаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин, хати D» таъсис дода шудааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди робитаҳо ва ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи маориф, инчунин масъалаи додани грантҳо барои рушди донишгоҳро баррасӣ намуданд.