Дастовард ва мушкилоти ҳисоббарорбаркуниҳои ғайринақдӣ дар ислоҳоти буҷети давлатӣ аз чӣ иборатанд?

Иқтисодшиносон рушди  пардохтҳои ғайринақдиро зарур медонанд, то аз фарсудагардии пули нақд пешгирӣ шавад. Чунки афзалияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар сатҳи давлатӣ ин аст, ки давлат аз он самари хубе мегирад. Бинобар ин эмиссияи пули нақд ба дӯши давлат вогузор буда, давлат уҳдадор мебошад, ки ҳаҷми зарурии пулро барои гардиш дар иқтисодиёт нашр намояд. Дар ин ҳолат барои давлат хароҷоти иловагӣ пеш меояд. Инчунин аз байнбарии пулҳои фарсудашуда низ вазифаи давлат аст ва дар маҷмӯъ ҳамаи ин хароҷоти барзиёду иловагӣ барои давлат маҳсуб меёбад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар мегӯяд, бояд ҳар шаҳрванд дарк намояд, ки пули миллии кишвар дар хориҷ ва гарон нашр мешавад ва бояд амалиёти ғайринақдиро тавсеа диҳем.

Файзиддин Қаҳҳорзода,
вазири молия

-Нигоҳи ман дар мавриди ҷорӣ намудани амалиётҳои ғайринақдӣ ин аст, ки он алоқамандӣ дорад ба менталитети ҳар яки мо. Агар ҳар нафар дарк кунад, ки мо асъори милли хешро дар Тоҷикистон чоп намекунем. Пули миллӣ ҳамчун мол дар кишвар истеҳсол намешавад. Мо онро бо як харҷи муайян аз брун ворид мекунем.

Бояд насли ҷавони мо, мову шумо аз истифодаи  корҳти пардохтӣ бештар истифода барем ва марҳила ба марҳила тамоми нуқтаҳои фурӯш, нуқтаҳои хизматрасонӣ ба истифодаи бештари ғайринақдӣ, ки аз дигар тараф барои шаффофияти фаъолият, дуруст ба ҳисоб гирифтани амалиётҳои молиявии хоҷагидорӣ заминаи бисёр хубро ба роҳ мемонад, гузарем.

Ин вазифаи танҳо Бонки миллӣ  ё бонкҳои тиҷоратӣ нест. Ин масъулияти ҳар як шаҳрванд аст. Зеро, таҷрибаи чандсолаи кор дар Бонки миллиро дорам, пулҳое, ки ворид мешавад, он низ ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: коршоям ва корношоям. Миқдори зиёди маблағҳое, ки қайд кардам, аз берун ворид мешаванд. Зуд корношоям мегарданд ва боз барои ба муомилот баровардани пули нав хароҷоти зиёд лозим мешавад-Файзиддин Қаҳҳорзода.

Натиҷаи пажӯҳишҳои байналмилалӣ ин аст, ки амалиёти ғайринақдӣ ба коҳишёбии иқтисодиёти пинҳонӣ мусоидат намуда, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои ҳама гуна муомилоти бозорӣ муфид аст. Зеро ҳангоми истифодаи кортҳои пластикӣ ҳар амалиёти байни савдогару харидор дар хотираи электронӣ сабт мегардад ва дар ҳолати зарурӣ дорандаи корт метавонад ба бонки худ муроҷиат карда, тафсилоти амалиёти анҷомдодаашро дар рӯзи муайян дархост намояд. Ғайр аз ин, дар сурати бо истифодаи корт ба роҳ мондани фурӯши маҳсулот маблағ ба таври автоматӣ ба суратҳисоби соҳибкор ворид гашта, хароҷот ва вақт сарфа мешавад.

Шакли савтиро ин ҷо бишнавед:

Коршиносон низ мегӯянд, бинобар сабаби дар гардиш қарор доштани пули нақд зарурати баровардани коғазҳои нав пеш меояд. Илова бар ин, кам кардани хароҷоти интиқол, нигоҳдорӣ ва ҳисобдории пулҳои ҷисмонӣ дар назар дошта мешавад.

Сироҷиддин Икромӣ

Дар ҳамин ҳол Сироҷиддин Икромӣ, раиси Раёсати БДА “Амонтабонк” мегӯяд, вақте нафақа ё музди меҳнат ба кортҳои бонкӣ рехта мешавад. Аксарият мехоҳанд зуд онро нақд намоянд. Дар ҳоле, ки тариқи корт имконияти анҷоми як қатор амалиёт мавҷуд аст. “Мехоҳем оянда дар самти маърифатнокии молиявии мизоҷон низ кор кунем. Чунки вақте нафақа ё маош мегузарад, гӯё ҳамон пул тамом мешуда бошад, ҳама давоми ду се рӯз пушти бонкаматҳо ва марказҳое хизматрасонӣ, ки постерминал истифода менамоянд,   навбатпоӣ мекунанд. Ин таҷҳизотҳо (бонкаматҳо) гарм мешавад, он ҳам техника ҳаст. Вале 20-25 рӯзи дигар назди бонкамат қариб ҳеҷ касро намебинӣ”.

Афзалияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар сатҳи давлатӣ ин аст, ки давлат аз он самари хубе мегирад. Бинобар ин эмиссияи пули нақд ба дӯши давлат вогузор буда, давлат уҳдадор мебошад, ки ҳаҷми зарурии пулро барои гардиш дар иқтисодиёт нашр намояд. Ва дар ин ҳолат барои давлат хароҷотҳои иловагӣ пеш меояд. Интиқолу сатҳи бехатарӣ низ ба дӯши давлат аст. Инчунин аз байнбарии пулҳои фарсудашуда низ вазифаи давлат аст ва дар маҷмӯъ ҳамаи ин хароҷотҳои барзиёду иловагӣ барои давлат маҳсуб меёбад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, истифодаи корти пардохтӣ аз фарҳангии молиявии ҳар шахс вобаста аст ва бояд ҳар нафар дарк намояд, истифодаи пули нақд чи қадар зиёне ба давлат мерасонад. “Вазорати молия замалиётҳои зиёдро аллакай ба таври ғайринақдӣ (ҳатто коғаз истифода намекунем) анҷом медиҳад. Имрӯз пардохти об, хизматрасониҳои коммуналӣ, пардохти музди меҳнат, пардохтҳое, ки ба ин баробар карда шудаанд, ҳамаи ин тариқи электронӣ анҷом мешаванд. Яъне, зарурат дигар нест, ки сармуҳосиби ин ё он корхона ҳуҷҷатҳоро ба Вазорати молия орад. Мо марҳила ба марҳила кӯшиш карда истодам, ки техналогияи муосирро дар амал татбиқ намоем”.

Рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ба кам кардани хариди таҷҳизот оварда мерасонад. Илова бар ин, камшавии хариди қисмҳои эҳтиётӣ барои ин таҷҳизот боиси коҳиш додани интиқоли пул аз кишвар мегардад.

Шаффофият дар супоридани андози шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси коҳиши иқтисоди муаммодор мегардад ва роҳи самараноки мубориза бо коррупсия ба шумор меравад. Пардохтҳои ғайринакдӣ раванди ришваситонӣ ва маблағгузории терроризмро хеле мушкил мегардонанд.

Пардохтҳои ғайринақдӣ ба воситаи интернет бонк, бонки мобилӣ ё дигар барномаҳои мобилӣ асосан вақти пардохткунандаро барои ба  даст овардани хизматрасониҳои зарурӣ бидуни рафтан ба бонк ё терминали пардохт сарфа мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки иқтисодиёти ғайринақдӣ рушд намояд. Аз ин бонк мегӯянд, бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” заминаи ҳуқуқӣ барои ташкилии фаъолияти низоми пардохт ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба тараққиёти низоми пардохт ба амал омад.

https://infogram.com/pardohtoi-ajrinad-1gqnmxj5x10rplw

Яке аз воситаҳои назорати гардиши маблағҳои нақдӣ ва маҳдуд намудани ҳиссаи маблағҳои нақдӣ дар муомилоти пулӣ, аз истифодаи POS-терминалҳо вобаста мебошад. Ин аст, ки дар аксари марказҳои калони савдою хизматрасонӣ POS-терминалҳои электронӣ насб карда шудаанд, ки шаҳрвандон метавонанд ҳангоми хариди мол ё хизматрасонӣ аз ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ озодона истифода кунанд. Яъне, шаҳрвандон ҳангоми хариди молу маҳсулот бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ муомилот анҷом дода метавонанд.

Бонки миллӣ хабар медиҳад, ки татбиқи технологияи интиқоли маблағҳои электронӣ – яке аз тамоюлҳои нав дар низоми бонкии ватанӣ мебошад. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ чунин усули пардохтҳои ғайринақдиро аз соли 2018 ба муштариёни худ фаъолона пешниҳод намуда истодаанд.     

https://infogram.com/timeline-dark-infographic-1hnq4100ngepp23

Инчунин сар аз соли 2019 операторҳои алоқаи мобилӣ дар доираи қонунгузории амалкунанда ба ташкилотҳои қарзӣ инфрасохтори заруриро барои қабул ва пардохти молу хизматрасониҳоро ба таври ғайринақдӣ тавассути ҳамёнҳои электронӣ роҳандозӣ намуда истодаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE