НАТО Афғонистонро тарк мекунад ё..?

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви НАТО нимаи дуюми рӯзи гузашта видеоконфронси навбатии худро шурӯъ карданд. Мақсад аз баргузории ин ҳамоишро баррасии нақшаҳои ин паймон дар Афғонистон муаррифӣ кардаанд. Дабири кулли паймон Йенс Столтенберг қабл аз оғози ин нишаст гуфтааст, НАТО дар шароити феълӣ муқобили “як мушкили ҷиддӣ” қарор дорад. Ин мушкил он будааст, ки нерӯҳои ин паймон оё Афғонистонро тарк кунад ва ё дар фазои хушунатҳои афзоишёбанда рисолати худро дар ин кишвар тамдид намояд. Ба таъкиди ӯ тарки Афғонистон кардан дар чунин шароит метавонад ин кишварро ба паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ қарор бидиҳад. Аммо коршиносони Ховари Миёна ин фарзияҳои роҳбарони НАТО-ро баҳонаи боқӣ мондан дар Афғонистон арзёбӣ кардаанд.

Зоириён Бахтиёр 

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE