Маҷлиси намояндагон: Муҳлати ивази ному насаб кам карда мешавад

Минбаъд  ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном  ва (ё)  номи падар дар муддати на дертар аз  як моҳ аз рӯзи додани ариза баррасӣ карда мешавад. Ҳамзамон дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок муҳлати баррасӣ намудани ариза  понздаҳ рӯз дароз карда мешавад.

Дар ин хусус зимни баррасии лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода сурат гирифт,  иттилоъ дода шуд.

Дар ҷаласа  Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва вакили мардумӣ Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид намуданд, ки лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо мақсади кам намудани  муҳлати баррасии ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном, ва (ё) номи падар, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа вакилон ҳамчунин  лоиҳаҳои  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»,  «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ва  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АМИТ ХОВАР

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE