АФЗОИШИ ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР АМРИКОВУ АВРУПО
Мувофиқи рӯйхати ҷаҳонии терроризм барои соли 2019 вазъи ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳои Афғонистон ва Нигерия нисбатан беҳтар шудааст. Дар Амрикои Шимолӣ ва Аврупои Ғарбӣ бошад таҳдидҳои террористӣ – экстримистӣ баръакс афзоиш ёфтаанд.
Тибқи гузоришҳое, ки аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ пешниҳод шудааст, давоми панҷ соли охир дар тамоми ҷаҳон қурбониёни терроризм кам шудаанд. Гуфта мешавад, ки дар соли 2019 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ 13 936 нафар кушта шудаанд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ 15 дарсад кам мебошад. Ин омори сатҳи ҷаҳонии терроризмро Маркази австралиягии таҳлилии Иниститути иқтисод ва сулҳ, ки қароргоҳаш дар Лондон аст, интишор намудааст. Дар ҳисобот омадааст, ки муноқишаҳои мусалаҳона аз омили аслии зуҳури терроризм боқӣ мемонад. Дар робита ба ин гуфта шудааст, ки вазъ дар Афғонистон ва Нигерия дар солҳои охир беҳуд меёбад. Ин маънои онро дорад, ки гуруҳои ифротгарои “ДОИШ” ва “Аш – Шубоб” зери фишори сахт қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, Афғонистон ва Нигерия давлатҳое мебошанд, ки шумораи қурбониёни терроризм дар онҳо то ҳол аз 1000 нафар зиёд аст.
Дар маҷмуъ коршиносон беҳбудёбии вазъи терроризмро дар 103 кишвари ҷаҳон қайд кардаанд. Марказҳои таҳқиқотӣ – санҷишии авурпоӣ дар солҳои охир “Толибон” – ро дар рӯйхати гуруҳҳои террористӣ гуруҳи “аз ҳама даҳшатовартарин” арзёбӣ намудаанд. Новобаста ба он ки шумораи қурбониён аз дасти ҷангиёни “Толибон” дар ин сол 18 дарсад коҳиш ёфтааст, дар робита ба ҳамлаҳои маргбортарин дар ҷаҳон соли 2019 ҳаракати радикалии “Толибон” дар Афғонистон пешсаф боқӣ монд. Тиби арзёбиҳои коршиносон қудрат ва нуфузи “ДОИШ” дар соли гузашта ба маротиб коҳиш ёфта, аз дасти ин гуруҳи ифротгаро камтар аз 1000 нафар кушта шудаанд.
Муаллифони ин гузориш зикр кардаанд, ки дар Амрикои Шимолӣ, Аврупот Ғарбӣ ва ҳудуди Уқёнуси Ором таҳдиди терроризму экстримизм дар паҷ соли охир 250 фоиз афзудааст. Дар ин ҳудудҳо дар соли гузашта 89 нафар қурбони амалҳои террористӣ – экстримистӣ шудаанд.
Коршиносон ба натиҷае расидаанд, ки нисбатан коҳиш ёфтани қурбониёни амалҳои террористӣ дар соли 2019 ба пандемияи коронавирус вобастагӣ дорад. Новобаста аз ин, таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки мушкилоти пандемия, бахусус таназули иқтисодӣ метавонад боиси афзоиши бесуботиҳои навбатии сиёсӣ ва хушунатҳо дар ҷаҳон шавад.
Тоҷиддин Сатторзода
“Садои Душанбе”